(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раҷаббой Каримов бо фаъолони маҳаллаи ба номи «Ҷаббор Расулов» вохурд.Дар мактаби таҳсилоти умумии № 5 шаҳри Хуҷанд сокинону фаъолони маҳаллаи ба номи «Ҷаббор Расулов» ҷамъ омада, бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов мулоқот намуданд. Қисмати ифтитоҳии вохурӣ аз баромади Раиси шаҳри Хуҷанд иборат буд.

«Мулоқоте, ки таи чанд моҳи охир баргузор мегардад, тибқи супориши Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, мақсад огоҳии сари вақтӣ аз масалаҳои мавҷудаи сокинони шаҳр аст. Дар баробари ин ба самъи ҳамаи сокинон расонданиям, ки имсол бо иқдоми иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, соли роҳҳои обод эълон шудааст. Бинобар он соли равон 116 км роҳҳо таъмири ҷорӣ ва капиталӣ хоҳанд шуд»,- баён намуд дар суханронии худ Раҷаббой Каримов.

Раҷаббой Каримов бо фаъолони маҳаллаи ба номи «Ҷаббор Расулов» вохурд.Дар баробари ин маълумот дода шуд, ки агар соли гузашта ба фаъолият шуруъ намудани Кӯдакистони Президентӣ барои як андоза ҳалли мушкилоти нарасидани ҷойхои холӣ дар кӯдакистонҳо мусоидат намуда бошад, пас имсол таъмири кудакистон дар маҳаллаи сеюм ва кудакистони собиқ комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистонҳои шахсӣ имкон медиҳад боз зиёда аз 500 нафар кӯдакон ба боғча фаро гирифта шаванд. Ҳамин тавр давоми ду соли дигар муаммои бо боғчаи бачагона таъмин намудани кӯдакони шаҳри Хуҷанд ҳалли худро хоҳад ёфт.

Мохи март бошад марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии сокинон бо оби хушсифат ба интиҳо расида, марҳилаи сеюми он оғоз ёфта, барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур дар соҳили чапи маркази вилоят 8,8 миллион доллари ИМА маблағ сарф шудааст.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз мавҷудияти ҳолатҳои худкушӣ хусусан байни занон изҳори нигаронӣ намуда, ба мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо Сайфулло Ҳабибуллоев, мудири бахши кор бо занон Муҳайё Дадобоева, роҳбари маркази иттилоот Маҳмудҷон Дадобоев доири сифатан беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, андешидани чораҳои мушаххас бо шахсони ба гуруҳи «осебпазир» ворид буда ва ҷалби таваҷҷӯҳи мардум барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб дастур дод.

Дар маҳаллаи мазкур се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 13 нафар шахсони ниёзманд истиқомат мекунанд. Ба мудирони шуъбаи дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дода шуд, ки нисбати онҳо таваҷҷӯҳ доимӣ бошад.

Дар вохурӣ сокинон оид ба таъмири боми хонаҳои истиқоматиашон, ба тартиб овардани хатҳои барқии маҳалла, таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ, назорати нонвойхонаҳои дохили маҳалла, гузоштани қуттиҳои партови иловагӣ, бо дархости таъмири хатти обу ташноб, барқарор намудани ҳаммоми мавзеи Панҷшанбе ва чанде дигар масалаҳо муроҷиат намуданд.