(2 овоз, миёна 2.50 аз 5)

Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда, соҳиби бинои иловагӣ мегардад.Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз фаъолияти корӣ ва вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ-Беморхонаи касалаҳои сирояткунанда боздиди корӣ ба амал овард.

Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд асосан беморони зардпарвин, рӯдаю меъда, шамолхурии шадиди роҳи нафас ва дигар намуди касалиҳои сироятӣ табобат мегиранд. Айни замон дар ин табобатгоҳ 236 нафар беморон муолиҷа мегиранд. Беморхона дорои шаш шуъба буда, ба онҳо духтурони баландихтисос хизмат мерасонанд.

Азбаски ҳамасола муолиҷагирандагони касалиҳои сироятӣ дар беморхонаи мазкур зиёд мешавад, имруз зарурати сохтмони бинои иловагии барои муолиҷаи касалиҳои зардпарвин ба миён омадааст.

Зеро агар соли 2004 дар ин беморхона 2799 беморон муолиҷа гирифта бошанд, пас соли 2013 8882 нафар бистарӣ гаштанд. Дар баробари ин дар беморхонаи мазкур беморони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ муолиҷа мегиранд. Танҳо соли гузашта, се ҳазору панҷсаду хаштоду шаш нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо бемориҳои гуногуни сироятӣ саломатии худро барқарор намуданд.

Азбаски сифати хизматрасонии табибони ин муассисаи табобатӣ баланд гашта, миқдори бемории зардпарвин тамоюли зиёдшавӣ дорад, катҳои бемории муолиҷагоҳи мазкур кифоягӣ намекунад. Бо мақсади беҳтар намудани сифати муолиҷа ва шароити табобат соли 2014 аз буҷаи шаҳри Хуҷанд барои таъмири беморхона 300 ҳазор сомонӣ ва барои харидорӣ намудани таҷҳизоти техникии тиббӣ 39 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Ин нуктаи муҳим дар суҳбати кории Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо кормандони беморхона зикр гардид. Ҳамчунин Раиси шаҳр бобати оғози корҳои сохтмонии бинои иловагии Маркази бемориҳои гепатитӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба роҳбарияти Идораи сохтмони асосӣ супориш дод, то моҳи март корҳои сохтмонии биноро оғоз намоянд. Зеро сол аз сол миқдори беморони ин намуди касалӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки барои табобати статсионарӣ зарурат доранд, зиёд мегардад. Агарчанде беморхонаи мазкур барои хизматрасонии сокинони маркази вилоят пешбинӣ шудааст, лекин ба ин касалхона гирифторони касалиҳои сироятии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ муолиҷа мегиранд.

Баъди ба истифода дода шудани бинои нав бо 60 кати беморӣ, имконияти муолиҷаи беморҳои зардпарвин беҳтар гашта, шароити кории духтурон низ ҷавобгӯи талаботҳои тиббӣ хоҳад шуд. Раҷаббой Каримов аз ҳолу аҳволи беморон дидан намуда, аз сифати хизматрасонии духтурон, таъмини даруворӣ пурсон шуд.

«Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор намудаанд, ки ҳамеша аз вазъи муассисаҳои табобатӣ, дармонгоҳҳо, кудакистону мактабҳо огоҳ бошем ва барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконият, боло бурдани сифати хизматрасонӣ, чораҳо андешем»-қайд намуд, дар суҳбати худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо духтурон, кормандони тиббӣ ва беморони ин беморхона.