(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Натиҷаҳои соли 2013 ҷамбаст гардиданд.Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов доири натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд маърӯза намуд.

Давоми соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд 16 корхонаҳои саноатӣ аз уҳдаи иҷрои нақшаи истехсоли набаромадаанд, ки ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нашудааст. Ин корхонаҳое ба шумор меравад, ки таҷрибаи зиёд дошта солҳои сол фаъолият доранд. Ин нуқтаи имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти МИҲД-и шаҳри Хуҷанд гуфта шуд

Дар шаҳри Хуҷанд давоми соли 2013 20 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, шумораи корхонаҳои саноати дар шаҳр ба 90 расид.

Хаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёда аз 114 дарсади иҷро шудааст, ки назар ба соли гузашта ба маблағи 53 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аммо 16 корхонаҳои саноати аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи истеҳсоли набаромадаанд, ки дар натиҷа дарҳачми 17 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол нашуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов вобаста  ба  истифодаи пурраи иқтидори корхонаҳои шаҳр  «Нику Хуҷанд» «Ҷавонӣ»   ба роҳбарияти он супориши қатъӣ  дод. Зеро чанд корхонаҳое қи имруз бо имконияту иқтидори пурра кор намекунанд,  аксарият роҳбаронаш  таҷрибаи зиёд дошта, чанд сол ин ҷониб фаъолияти назаррас доранд.

Дар ҳамин замина Раиси шаҳри Хуҷанд аз фаъолият номукаммали Комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд, Корхонаи «Хуҷанд Пакижинг» интиқод намуда, ба роҳбарияти он бобати бозбинӣ намудани тарзу усули корбарӣ супориш дод. Ба масъулони шуъбаҳои омор, андоз, сармоягузорӣ саноат суориш дода шуд, ки доири саҳеҳияти маълумоти омории пешниҳоднамудаи корхонаҳои хусусии истеҳсолӣ назоратро қатъи намоянд. Зеро маълумоти омории чанде аз корхонаҳоро аз қабили, коргоҳҳои «Юбт принт», «ММК»-ро таҳлил намудан лозим аст.

Ҳамчунин ба роҳбарони корхонаҳои «Сатн» БТ Силк»дигар мавриди ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дастур дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарони воҳидҳои сохтории бахши дин ва танзими расму оийн Муъмин Орипов идораи заминсози Абдухалил Ёрматов кор бо маҳаллаҳо Сайфулло Ҳабибуллоев, тандурусти Абдумуталиб Каримов, саноат Абдураҳим Солиев пурсиш ба амал оварда, бобати беҳтар намудани фаъолияташон дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Аминҷон Шарипов баромад намуда, доири риояи қонунҳои танзими расму оийн ва масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустӣ изҳори назар намуд.

Дар охир Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов баромад намуда, аз нақшаҳои соли оғозгашта ошно намуда, кормандони зерсохторҳои марбутаи шаҳрро дар соли 2014 вазифадор кард.