(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар тантанаи солинавии хизматчиёни ҳарбии «3501»Имруз дар қисми низомии «3501»-и  маркази вилоят ба истиқболи соли нави мелодӣ чорабинии идона баргузор гардид. Барои табрикоти афсарону сарбозони ин қисми низомӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Шариф Назаров ташриф оварданд.

Генерал -майор Шариф Назаров кулли ҳозиринро бо фарорасии соли нави 2014 табрик намуда, ба онҳо суханони неку шодбошии Вазири корҳои дохилии Ҷуиҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимовро расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар баромади табрикотии худ қайд намуд,ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри шароиту имкониятҳои хизматчиёни ҳарбӣ заминаҳои моддию техникиро фарҳам меоварад.

Ҳайати афсарону сарбозони қисми низомӣ бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд ва сардори Раёсати  корҳои дохилӣ аз анбори маҳсулоти хурока, шароити зисти сарбозон ва ошхонаи онҳо дидан намуда аз сатҳи шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ қаноатманд гаштанд.

Барои хубу хотирмон гузаштани чорабинии солинавӣ ҳунармандони Хонаҳои маданияти № 1 ва 2 Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд консерти идона пешкаш намуданд.