(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Доман паҳн намудани экстремизм ва терроризм дар ақсои ҷаҳон аз мо шадидан тақозо менамояд, ки  ба ин  равандҳои зуд тағйирёбандаи олами ислом ва эҳтимолияти таъсиргузор шуданаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф набошем.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқотҳояшон таъкид доштанд: «Дар шароите, ки арзишҳо таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат тағйир ёфта, муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё ва неъматҳои моддӣ торафт шиддат гирифта истодааст, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, ногузир ва ҳатмӣ мебошад».

Воқеан ҳам имрўз вазъияти ниҳоят мураккаби байналмилалӣ, ки асосан дар заминаи суиистифода аз арзишҳои волои дини мубини ислом, кўшишҳои бисёрҷонибаи киш­вар­ҳои манфиатдор доир ба роҳандозӣ намудани низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ хусусиятҳои решадор ва буҳронӣ касб карда истодааст, моро водор менамояд, ки ба зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ таваҷҷуҳи аз ҳарвақта бештар зоҳир намоем ва муборизаи беамонро бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ-тарғиботии созмонҳои ифротӣ ва ошкор кардани роҳу усулҳои нави таъсиррасонии онҳо пурзўр намоем. Зеро сӯйистифода аз номи ислом ва таъсиси ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон таҷриба гардидааст, ки моро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Кабирию назарзодаҳо бо истифода аз номи ислом Тоҷикистони ободро валангор ва гуруҳе аз мардумро раҳгум занониданд. Ҳамакнун  Кабирӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ истода, бо истифода аз пуштибонии хоҷагони сарватмандаш ба амну осоиштагии миллати тоҷик халал ворид карданианд, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Имрӯз мо бояд дар меҳвари фаъолиятҳои ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиямон расидан ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои кишвари азизу маҳбубамон–истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро қарор диҳем. Зеро ҳоло дар фазои сиёсию иттилоотии  ҷумҳурӣ тамоми шароит барои тарбияи «наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлол» муҳайё гардидааст. Аз тарафи Давлату Ҳукумат гранту бурсияҳои гуногун ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои неку созанда таъсис ва роҳандозӣ гардида истодааст.

Зарурати тақвияти корҳои сиёсиву идеологӣ, ҳуқуқию маърифатӣ ва ахлоқию тарбиявӣ дар самти худшиносии миллию динии мо аҳамияти беш аз ҳарвақта хусусияти рӯзмаррагиро касб менамояд. Зеро мо барои ҳифз намудани насли ҷавони ояндасоз ва кўдакони хушбахту солим масъулият дорем. Вақте ки мо дар бораи тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар, тарғиби  арзиш­ҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои созандаи давлат сухан меронем, бояд ба эътибор гирифт, ки таъсири омилҳои манфӣ ва меъёрҳои маънавии дурўғин низ дар матни сиёсати ҷаҳонӣ, бахусус минтақаи Ховари Миёна ва Афғонистон мафкураву ҷаҳонбинии як қисмати ҷавононро заҳрогин кардааст. Барои дуруст баҳо додан ба вазъияти тағйирёбандаи олами ислом огоҳ будан аз равандҳои ташакку­ли сиёсии минтақа амри зарурӣ ба назар менамояд.

Ба марҳилаи сифатан дигар ворид шудани вазъияти сиёсию ҷангӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ пешгўии хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷиконро дар иртибот ба «вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқуд­ратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» комилан тасдиқ мекунад. Зеро торумор ва несту нобуд шудани инфрасохтори марказии созмони террористии ДИИШ дар қаламрави Сурия манфиатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ, марзию ҳудудӣ ва ниҳоят иқтисодию молиявии кишварҳои калидии Ховари Миёна ва абарқуд­рат­ҳои пушти­бони онҳоро мисли ойина ошкору равшан сохт. Ва акнун ҳама бо як овоз тамоми мардуми кишвари валангори Сурия – аз роҳбарияти сиёсӣ сар карда, то шаҳрвандони зану мард, пиру ҷавон ва кўдакони ҷабрдида, ҳизбу ҳаракат­ҳои сиёсию низомии теъдодаш аз 100 адад афзуншуда ва ҳар унсури ҷони зинда доштаро ба гуфтушунид ва имзои созишномаи сулҳ даъват мекунанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чанд рӯз қабл зимни суханронии худ  дар маросими ифтитоҳи гимназияи №1 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумла иброз доштанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки маҳз баланд бардоштани савияи донишу маърифат, беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, дар зеҳни наврасону ҷавонон ташаккул додани ҷаҳонбинии васеъ ва ҳушёрии сиёсӣ метавонад ба пешгирӣ кардани гароиши онҳо ба ҳар гуна мафкураи бегона ва зуҳуроти нангин, аз қабили терроризму ифротгароӣ мусоидат намояд».

Воқеан ҳам дар шароити пурихтилофи ҷаҳони имрӯза, ки ҳар лаҳза дар ҳоли дигаргуншавӣ қарор дорад, ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани ҷавонон, дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, садоқат ба миллату давлат, хизмати содиқона ба халқ ва иззату эҳтиром нисбат ба падару модарон ва калонсолон тарбия кардани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар яки мо – калонсолон, аз ҷумла аҳли маориф мебошад.

Муқаддас Хокироева,
ом
ӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд