(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Абдураҳмон Қодирӣ ва Раҷаббой Каримов дар корхонаҳои ХуҷандАз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳими стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти густардаи корхонаҳои хурду миёна ва дастгирии соҳибкорӣ муқаррар шудааст. Дар вилояти Суғд тибқи дастуру ҳидояти Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли оянда таъсиси 20 корхонаҳои нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Бо мақсади тадбиқи ин дастур, ичрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абюдурахмон Кодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз чанд корхонаҳои маркази вилоят боздид ба амал оварданд. Қаблан онҳо дар расми кушоди коргоҳи нави «Сарей» ширкат намуда, аз фаъолияти он шинос шуданд. Корхона аз ҷониби соҳибкор Абдукарим Султонов дар заминаи ҶДММ «Сарей» таъсис дода шудааст, ки он дар марҳилаи нахуст 50 нафарро бо ҷои кор таъмин намудааст. Корхонаи навтаъсис, ки бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои бахшҳои дузандагиву бофандагӣ буда, дар он истеҳсоли 8 намуди либосҳои варзишӣ пешбинӣ мешавад. Ба иттилои роҳбарияти корхона иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 10 ҳазор дона либоси варзишӣ баробар буда, он ба ба кишварҳои Русияву Украина содирот хоҳад шуд. Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва ҳайати ҳамроҳонашон ба коргоҳи ҶДММ «Таҷпет» омаданд. Корхонаи мазкур фаъолияти худро дар самти коркарди партовҳои маишӣ ба роҳ мондааст. Ин партовҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда, дар корхонаи ҶДММ «Таҷпет» каркард шуда, минбаъд ба кишвари Туркия содирот мешавад. Ин корхона дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, солона метавонад то 4 ҳазор тонна маҳсулот содирот намояд. Барои коркарди зарфҳои платикӣ бошад ба маблағи беш аз 500 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳозти наву замонавӣ аз Ҷумҳурии Туркия оварда шудааст. Ҳоло сохтмони бино ва насби техникаҳо идома дорад. Пас аз коркарди як тонна маҳсуоти истеҳсолшуда, ба маблағи 600 доллари амрикоӣ савдо хоҳад шуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки солҳои оянда аз ин партовҳо истеҳсоли ресмон ва дигар намуди маҳсулот ба роҳ монда шавад. Сафари кории роҳбари вилояту шаҳр ба филиали ҶДММ «Эйшн Экспресс транспорт» идома ёфт. Дар ин филал автобусҳои нави истеҳсоли кишвари Олмон оварда шуда, дар марҳилаи якум 10 автобусҳо ба фаъолият оғоз карданд. Бо ин хатсайрҳо мусофирон метавонанд аз маркази вилоят ба шаҳрхои Ӯш ва Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ва инчунин шаҳри Исфара сафар намоянд. Барориши автобусҳо соли 2012-ум буда, марҳила ба марҳила дар дигар шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе низ хизматрасонӣ ба роҳ монда мешавад. Минбаъд барои рафтуои он мусофироне, ки масофаи дурии он аз маркази вилоят 50 километрро ташкил медиҳад бо чунин автобусҳо роҳандозӣ карда мешаванд. Барои мусофирони ин хатсайрҳо бошад, хуроки гарм ва дигар хизматрасониҳо аз тарафи роҳбаландон ба ҷо оварда хоҳад шуд. Ронандагон ва роҳбаландон аз таълими бозомузиро гузаштаанд. Сафари роҳбарияти вилояту шаҳри Хуҷанд дар «Ширкати 33» идома ёфт. Дар ширкати мазкур бошад, технологияи нав ба маблағи 1 миллион доллар ворид шудааст. Воридоти ин технологияи нав ба коргоҳи зертобеи коргоҳи мазкур,ки бо нишони «Дилписанд» самбусаҳои миллӣ истеҳсол менамояд, имконият медиҳад ки маҳсулоти ин ширкат дар сатҳи баланд омода шуда, ба Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Душанбе ва Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ содирот карда шавад. Ҳоло дар ин ширкат 70 нафар кор карда, маоши миёнаи онҳо 700 сомониро ташкил медиҳад. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз фаъолияти ин корхонаҳо шинос шуда, ба соҳибкорон баҳри фаъолияти пурсамари корхонаҳо, зиёд намудани коргарон ва баланд бардоштани маоши онҳо, дастуру супоришҳои мушаххас дод.