27 Октябр 2018
(Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- AKHBOR.COM-и Мирзои Салимпур)
ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лозим ба ёдоварист, ки соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ фирорӣ-Ахбор.ком, ки мутааллиқи Мирзо Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд) нашр шуд.
Маълумоти Ахбор.ком (Мирзо Салимпур) дар бораи он, ки саркардаҳои номаълуми Бадахшонро гӯё касе пешвоз мегирад, дурӯғи маҳз ва гузаро аст. Ягон аҳамияти арзишӣ ин иттилоот аз лиҳози баҳогузории маълумот надорад.
Ахбор.сом, ки рейтингаш дар чоплусиву, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст, ин гапи дурӯғро аз Кӣ? Кай? Аз куҷо? гирифта аст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сирф баробар аст ва дурӯги маҳз аст. Журналисти каззоб ва беусул.Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯғ гирифтааст ва шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:
Сараввал, ин чор нафарак ба ном «лидер» нею, саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин, термини устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро таърихи 22.10.2018с. барои таърих сабт намудааст. Инхо лидер нестанд рохбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;
Моҳияти ҷавоби ахбороти дурӯғсомонаи ахбор.ком бошад ин аст, ки гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд. Аз ин пас, аъзои ГМҶ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз худуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндаги доранд, раванд.
Аслам Мазабов, коршиноси масоили иҷтимоӣ,
зодаи ш.Хоруғ, сокини ш.Бохтар