(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдату вохурии Раҷаббой Каримов бо сокинони маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов қабл аз вохурии навбатӣ ба аёдати чанде аз сокинони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов рафт. Сокини 93 солаи ин маҳалла Қосимов Мамадҷон, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат аст, маюби гуруҳи якум Зуҳро Шукурова, Шаҳодат Абдуғаффорова ки  се нафар маюб аъзои оилааш ҳастанд ва оилаи ниёзманд Худойбердиев Махсуд  аз ҷумлаи онҳо буданд.

Раҷаббой Каримов ҳамаи онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, қайд  намуд,ки ин кумак нисбати онҳо ва шахсони дигари эҳтиёҷманд  ҳамеша идома дода хоҳад ёфт.

Раҷаббой Каримов ба раиси маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов Иномҷон Юсупов супориш дод,ки минбаъд низ аз ҳоли ин гуна шахсон ҳаиеша бохабар бошад.

Дар мактаб-парваришгоҳи махсуси шаҳри Хуҷанд,  наздик 500 нафар сокинони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов ҷамъ омада, ба Раиси шаҳри Хуҷанд бобати ҳалли масалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд. Қисмати муқаддимавии вохурӣ аз баромади Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов иборат буд. Дар суханонронӣ зикр гардид,ки соли равон дар шаҳри Хуҷанд ду ҳазор нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шуда,буҷаи маҳаллӣ 107% иҷро гардид. Дар мактабҳои шаҳр бошад барои 685 нафар толибилмони ниёзманд хуроки бепул ташкил карда шудааст.


Дар баромади худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд НиятқулАёдату вохурии Раҷаббой Каримов бо сокинони маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» Ҳаётов мардуми маҳалларо барои ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва муттаҳидии комил даъват намуд.

Бошандагони маҳалла доири таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаи мазкур ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд. Сокини маҳаллаи мазкур Қурайшхон Имроҳимов барои ташаббусҳои наҷиб аёдату кумаки  ниёзмандон, таъмири хушсифати роҳи кӯчаи Р Набиев аз Раиси шаҳр хоҳиш намуд,ки сипосмандии кулли сокинони маҳалларо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон расонад. Зеро ин амалҳои савоб аз хислату арзишҳои баланди инсонӣ аст, ки дар ниҳоди инсон тухми некую адолат ва раҳму шавқатро мекорад.

Таъмири хушсифати  роҳ  бошад  имкон дод,ки сокинони маҳалла барои бо кучаҳои марказӣ пайвастан имконияти хуб пайдо намуданд.

Дар вохури зиёда аз 10 нафар сокинон ба саволҳои худ аз ҷониби Раиси шаҳр ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.