(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кумаку аёдати шахсони ниёзмандДар арафаи соли нави мелодӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи  вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон  Қодирӣ, Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шахсони камбизиоту танҳо ва шахсони имконияташон  маҳдудро аёдат намуда,кумаки моддӣ иборат аз маводи хурока расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба хонаводаи 10 нафар чунин шахсон рафта онҳоро аз номи сарвари давлат ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилдояти Суғд бо соли нав табрик намуд. Шахсони аёдатшуда баробари изҳори сипос намудан зикр намуданд,ки онҳо ҳамеша кумаку дастгирии доимиро эҳсос менамоянд ва чунин иқдомҳои неку беғаразона ба беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат намуда истодааст.

Давоми даҳ руз аз ҷониби корхонаю муассисаҳо соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз ҳазор нафар қишри эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд кумаки якдафъинаи моддӣ хоҳанд гирифт.