(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳр ба миқдори 420,6 миллион кВт/соат нерўи барқ ба муштариён интиқол дода шуд. Маблағи пардохти умумии он 99,8 млн. сомонӣ ё 106,2 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 44,7 млн. сомонӣ ё 118,1 фоизро ташкил менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Хуҷанд истифодабарандагони қувваи барқ бо ҳисобкунакҳои электронӣ пурра таъмин буда, зиёда аз 50,0 ҳазор муштариён ба системаи ягонаи назоратии биллингӣ пайваст мебошанд. Баъди азнавсозии шабакаҳои барқӣ ва ҷорӣ намудани системаи ҳисоби электронӣ меъёри ҷудошудаи талафот аз рўйи талаботи техникӣ ба эътидол даромадааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд