(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд то санаи 1-уми октябри соли 2018 теъдоди соҳибкорони инфиродӣ ба 8106 нафар расида, аз онҳо 5679 нафар бо патент ва 2427 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Миқдори барҳамхўрии фаъолияти соҳибкории бо патент фаъолияткунанда бошад, 92 адад ва бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 108 адад нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта кам ба қайд гирифта шудааст, ки он ҳамчун омилҳои мусбаттамоюли камшавиро дорад.

Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, 25,8 фоизро занҳо ташкил дода, 1643 нафар бо патент ва 450 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд.

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 21,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ 10,8 млн. доллар ва сармояи дохилӣ 10,8 млн. доллар ҷалб гардидааст. Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ равона шудааст.

Дар самти ба роҳ мондани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, дастгирӣ ва амалӣ шудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ мувофиқи қарорҳои раиси шаҳр ба 39 нафар соҳибкорон барои бунёди 42 адад иншоот, аз ҷумла 7 коргоҳи истеҳсолӣ, 12 адад биноҳои баландошёна истиқоматӣ, 3 адад майдончаи варзишӣ, 1 адад боғчаи бачагона, 1 адад мактаб, 1 адад тарабхона, 17 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.

Баҳри рушди бахши хусусӣ тариқи озмун 105 адад бино ва иншооти коммуналии шаҳр ба иҷора дода шуда, ҳамагӣ ба буҷети маҳаллӣ 687,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи 2017 сол 9,2 фоиз афзоиш ёфта, зида аз 600 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Аз миқдори умумии корхонаҳои истеҳсолии саноатии дар шаҳр фаъолият баранда 9 адад ба коркарди ширу гўшт, 7 адад ба истеҳсоли оби нўшокӣ ва афшураҳои мевагӣ, инчунин 12 адад ба истеҳсоли маҳсулотҳои аз матоҳои пахтагин машғул мебошанд.

Баҳри дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи 9 адад ташкилотҳои қарздиҳӣ ва бонкҳо зиёда аз 232,7 млн. сомонӣ ба 14854 нафар соҳибкорон, аз ҷумла 7142 нафар занон қарзҳои хурд дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,6 млн. сомонӣ, ё 29,2 дар сад афзудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд