(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altСубҳи шанбеи ҳафтаи гузашта тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки теъдоди зиёди устодон ва муҳассилини литсейи касбӣ- политехникии шаҳри Хуҷанд бо мусоидати бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили дарёи Сир бо мақсади сазовор таҷлил намудани идҳои миллии дарпешистода, ҳашари умумишаҳрии тозагии соҳил баргузор гардид.Иштирокчиёни ин чорабинӣ тавассути тоза намудани соҳили дарё аз ҳамагуна партов ва даравидани қамишзор ба шаҳомати дарёи Сир зебоии дигар бахшиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, интизор меравад, ки дар ду канори Сирдарё меҳмонхона, тарабхона ва мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад.

Зеро дар ин раванд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шудааст, ки дар ду канори дарё барои сайру истироҳати шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ роҳравҳо бунёд ва дар он дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад. Ҳамчунин ташкили боз як шиногоҳи дигар дар соҳили чапи дарё мувофиқи мақсад арзёбӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд