(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altНомаи таваҷҷўҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Рӯзи аъмоён.

Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид таҷлил гардидани иди «Асои сафед» дар тамоми ҷаҳон чун рўзи таваҷҷўҳ ба шахсони зиндадил маҳсуб меёбад. Қайд гардидани Рўзи аъмоён ҳамасола дар кишвари мо низ далели эътибори махсуси Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба чунин инсонҳоест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд.

Аъмоён дар қатори кулли ҷомеа дар кору гуфтор ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳастанд. Онҳо, ки мушкилоти зиндагиро бештар эҳсос кардаанд, моҳияти сиёсати пешгирифта, ғамхориҳои пайваста ва саъю талоши давлатро бештар дарк менамоянд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар партави сиёсати давлату ҳукумат, хоса раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳурмату эҳтиёти шахсони маъюб, аъмоён ба ҷо оварда шуда, бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд ва ҳамеша таҳти назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ин ашхос муаммоҳои рўзгорро ҳар чи камтар эҳсос намоянд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият бинанд. Ҳамчунин, ба хотири фароҳам овардани шароит ба аъмоён ҷиҳати солимгардонӣ ва таъмини ҷои кор, соҳиби маълумот шудан, омодагии касбӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо минбаъд низ чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ба аъмоёни рўшандил рўзгори ободу осуда, ризқу рўзии фаровонро таманно дорам.

Ҳамеша соҳибирода, сарбаланд ва солим бошед!