(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТоҷикистони соҳибистиқлол имрўз дар марҳалаи рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад ва соҳибкорӣ яке аз рукнҳои асосии пеш бурдани иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Аз ин рў, моро зарур аст, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурзўр намудани иқтидори содиротии кишвар, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, васеъ кардани доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии мавҷудбуда ва барқарор намудани корхонаҳои қаблан хусусигардонидашуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо роҳи ворид намудани технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ ва ғайраро тақвият бахшем.  Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд:
«Дар сиёсати иқтисодии давлат мо бояд дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси шахсӣ ва соҳибкориро ба назар гирем. Дар кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ бояд чунин фазои озодеро муҳайё созем, ки ҳар як фарди хоҳишманди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ чунин имкониятро дошта бошад ва ба дастгириву ҳимояи давлат фаро гирифта шавад.
Рушди устувори соҳибкорӣ кафили инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири бўҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард».
Имрўз соҳибкорон дар ихтиёри худ захираҳои бузурги моддию молиявӣ ва зеҳнӣ доранд. Агар дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ яке аз монеаҳои рушди соҳибкорӣ дастрас набудани манбаъҳои молиявӣ бошад, ҳоло ин муаммо ҳалли худро ёфтааст, зеро танҳо дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 43 бонк ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд.
Беҳуда нест, ки имсол Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар сатҳи вилоят озмуни “Соҳибкори беҳтарини соли 2018” эълон намуд ва шумо, соҳибкорони сарбаланд дар он ширкат варзида истодаед.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра барои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, барои бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ замин ҷудо гардида, бо саҳми арзандаи соҳибкорон сохта шуда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорону саноатчиёни шаҳр дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Умуман, ҷиҳати рушди минбаъдаи самтҳои хоҷагии халқ саҳми соҳибкорон назаррас буда, дар шаҳр барои ноил гаштан ба дастовардҳо заминаи устувор муҳайё гардидааст.
Умедворам, ки дар оянда низ бо азму талоши шумо, соҳибкорон истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол ба сол афзун гардида, боиси беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад.
Ҳамаи соҳибкоронро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои нав ба нави меҳнатиро хоҳонам.