(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот дар маҳаллаи «Чорчароғ»Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20-уми шаҳр ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил вохурии сокинони ин маҳал бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов баргузор гардид.

-Мо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ вохӯриро бо сокинони маҳаллаҳо идома медиҳем ва ин сеюмин вохӯрии мо дар семоҳаи чоруми соли 2013-ум аст,-таъкид кард Раиси шаҳр,- мақсад аз мулоқот бо мардум, шинос шудан бо самараи созандагию бунёдкории аҳли маҳалла ва мушкилоти онҳо, вусъат бахшидан ба ободкорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, дарёфти роҳи ҳалли проблемаҳои рӯзу рӯзгор мебошад.

Раҷаббой Каримов  бо мисолҳои мушаххас фаҳмонд, ки тӯли 6- 7 соли охир дар шаҳри Хуҷанд чӣ корҳои бузург ба анҷом расонда шуд ва барои ин шаҳри Хуҷанд ба кадом баҳо сазовор гардид. Ӯ, ҳамчунин, самараи ҳамкориҳоро бо соҳибкорон нишон дод. «Ҷое, ки ҳамкории беғаразона ҳаст, он ҷо, албатта, пешравӣ мешавад»,- таъкид кард Раҷаббой Каримов,-имрӯз ба мо зарур, ки ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро комилан дастгирӣ кунем ва ба Соли «Роҳи обод» қадами устувор гузорем. Ба гуфти Раҷаббой  Каримов дар шаҳри Хуҷанд 10 ҳазор соҳибкор фаъолият мебарад ва ҳар кадоме агар якметрӣ роҳро мумфарш кунад, соле 10 ҳазор метр роҳ обод мешавад. Ҳаминро бояд гуфт, ки соҳибкорони мо ҳиммати баланд доранд ва онон ба обод кардани як метри мураббаъ роҳ ҳеҷ гоҳ қаноат намекунанд. Моҳи марти соли 2014-ум ҳаво бист дараҷа гарм шавад, ҳар ҳафта як кӯчаю тангкӯчаро мумфарш хоҳем кард. Чунки нақшаи буҷаи шаҳр дар 11 моҳ 107 фисад иҷро шуд. Умед дорам, ки иҷрои нақшаи буҷет ҳамин хел бетаъхиру бехалал таъмин мешавад ва бо ин васила барои ободкорӣ имконияти бештар фароҳам меояд»

Дар назди иштирокдорони мулоқот сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  Ниятқул  Ҳаётов  сухан кард.

«Ободии мамлакат ё шаҳр аз ободии хона ва маҳал сар мешавад,- гуфт ӯ ва супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро хотиррасон кард. Он ҳама даъват ба созандагию ободкорӣ мебошад»

Раиси шаҳри Хуҷанд арзу шикоятҳои сокинони маҳаллаҳо Файзулло Дадобоев, Муҳаммадҷон Акошехов, Саломат Қобилова, Саидмуҳаммад Икромов, Хайринисо Болтубоеваро босаброна шунид ва барои ҳалли мушкилоти онҳо ба шахсони масъул супориш дод.

Аз ҷониби кулли иштирокдорони мулоқот раиси Кумитаи маҳаллаи Чорчароғ Абдувоҳид Раҳимов ба Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов барои кӯмаку дастгириҳои сидқидилонааш сипос гуфт.