(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр дар иди касбии кормандони прокуратураАз таъсисёбии макомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 89 сол сипарӣ шуд. Прокуратураи шаҳри Хуҷанд бошад соли 1925 таъсис ёфтааст. Дар давраи ҷамъбастии 11 моҳи соли равон аз тарафи кормандони Прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар самти назорати умумӣ 75 санҷиш гузаронида аз натиҷаи он 176 амр, 105 эътироз, 68 пешниҳод қабул гардид, ки дар асоси он 80 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 17 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 534 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Бахшида ба иди касбӣ дар Прокуратураи шаҳри Хуҷанд, чамъомади идона баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуд.

Дар оғоз Прокурори шаҳри Хуҷанд Курбоналӣ Мирзоев табрикоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори вилояти Суғдро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов саҳми кормандони ин мақомотро дар иҷрои таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд назаррас арзёбӣ намуд.

Лозим ба ёдоврист,ки имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд толори мақомоти прокуратура ва утоқҳои корӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд. Рҷаббой Каримов таъкид дошт, ки дар соли 2014 низ мутахассисони ҷавони ин мақомот,ки  барои манзил ё заминҳои наздиҳавлигӣ ниёз доранд, бо қитъаи замин ва хонаҳои хизматӣ таъмин карда мешаванд. Ба ҳамаи кормандони Прокуратураи шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои Раиси шаҳр тақдим гардид.