(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Наврасони душвортарбия ба маҳфилҳои фарҳангӣ ҷалб мешавандМувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, бо мақсади пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар  Мактаби санъати №1, бо иштироки Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Суҳроб Ахмедов сарварони Хонаҳои маданияти №1 ва 2, омузгорони муассисаҳои таълимии фарҳангӣ ва кормандони бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд машварати корӣ  доир гардид.

Мудири Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов баромад намуда, пиромуни ба маҳфилҳои муассисаҳои таълимии фарҳангӣ ҷалб намудани ноболиғоне, дар қайди масъулони корҳои дохилӣ меистанд, сухан ронда, аз сарварони муассисаҳои фарҳангӣ талаб намуд, ки нисбати ин гуруҳи наврасон корро ҷоннок намоянд. Зеро ба касбу ҳунар ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ эҷодкорӣ, метавонад ин гуна ноболиғонро аз амалҳои зишт боздошта, ба корҳои нек ва ахлоқи ҳамида равона созад.

Сардори хадамоти пешгирии хукуквайронкуни дар байни ноболигон ва чавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Суҳроб Ахмедов ба сухан баромада, оиди хукуквайронкунии ноболигон дар нух мохи соли 2013 ҳарф зада таъкид намуд, ки бояд дар байни кудакону хонандагон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, доири ҳодисаҳои номатлуб ва натиҷаҳои он ба наврасону ҷавонон  малумот дода шавад.

Сарвари макатаби санъати №1 Мунира Мансурова  низ баромад намуда кайд кард, ки ноболиғони ба мактаб вобаста шударо зери назорат гирифта бо онҳо мунтазам фаъолият хоҳем бурд.