(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли омӯзгорони МТМУ №10-и шаҳри Хуҷанд бо ташкили чорабинии тарбивии ҳузури хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз Рӯзи омӯзгорон таҷлил намуданд.

Хонандагон бо роҳбарии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Маҳина Умарова шеъру сурудҳоро дар васфи омӯзгор қироат намуда, саҳми омӯзгорро дар ташаккули инсонҳои касбу кори гуногун муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омухт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард. Ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгорӣ бузург метавонад роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.

Иттилоъ дода шуд, ки омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд.

Ҳамзамон дар ҷараёни чорабинӣ саҳнаи ҷолибе аз ҳаёти омӯзгор ба намоиш гузошта шуд.

Директори МТМУ №10 Маҳмудҷон Абдурашидов чорабиниро натиҷагирӣ намуда, ба иштирокчиёни фаъол Ифтихорнома тақдим дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд