(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша чорабиниҳои якҷояи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи маорифи шаҳр бо мақсади татбиқи Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 аз санаи 20 сентябр то 2 октябри соли равон дар варзишгоҳи «Спартак» мусобиқа оид ба футбол байни мактаббачагони соли таваллудашон 2003-2004 бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо иштироки 26 даста баргузор гардид.

Дар ин муддат бозиҳо бо рақобати солим ҷараён гирифта, дар давраи ниҳоӣ ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр, ҷойи якумро футболбозони гимназияи № 4, ҷои дуюмро наврасони гимназияи №1 ва мақоми сеюмро хонандагони литсейи донишкадаи политехники шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд. Ба ғолибони мусобиқа Ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда  шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд