(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати  70 солагии Устоди варзиши  ИҶШС, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Садрулин маҳфили тарбиявӣ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ироаи номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати 70 солагии Даврон Садрулин аз ҷумла таъкид дошт, ки ин варзишгари номӣ ҳамчун як шаҳрванди фаъоли ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи варзиш, тарғибгари тарзи ҳаёти солим байни мардум ва тарбиятгари ҷавонон барои ҳамагон маълум мебошад.

Бояд қайд намуд, Даврон Бобохонович чор карат чемпиони мусобиқаи умумииттифоқӣ бахшида ба хотири Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамазалиев буда, дар тарбияи даҳҳо устодони варзиши собиқ ИҶШС буда, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Мавсуф бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар, ҳиссаи арзанда гузоштан дар тарбияи насли наврасу ҷавон, сазовори ихтифорномаҳои зиёда гардида, барои хизматҳои шоён бо унвонҳои Устоди варзиши  ИҶШС, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Довари дараҷаи байналмилалӣ сарфароз гардидааст.

Дар ҷараёни нишаст ҳамзамон роҳбари Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, раисони федератсияҳои бокси шаҳру вилоят ва ҳамкорон баромад намуда, доир ба фазилатҳои накӯ ва хизматҳои Даврон Садрулин дар соҳаи варзиши шаҳру вилоят андешаронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд