(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДиловар Ғаниева омӯзгори МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Роҳбари созмони хонандагони сол» байни зиёда аз 20 нафар иштирок карда, мақоми аввалро ишғол намуд.

Озмуни мазкур тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр сурат гирифта, аз рӯйи шартҳои кор бо компютер, корбурди слайд, донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо аз феҳрист, кор дар зинаҳои фаъолият, бо хонандагон додани ҳисоботи эҷодӣ дар мавзӯйи муҳими рӯз ва ғайра ғолиб муайян гардид.

Ҳамин тавр, Диловар Ғаниева омӯзгори МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар озмуни вилоятии «Роҳбари созмони хонандагони сол» роҳхат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд