(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ба кори худ оғоз намуд.

Раиси Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди гузаронидан муқаррароти расмӣ, иттилоъ дод, ки дар баррасии рӯзномаи иҷлосия 8 масъала пешбинӣ гардидааст.

Сипас, аз рӯйи масъалаи якум, раиси ҳавзаи интихоботии “Ватан”,№ 35 Моҳира Азимова шунида шуд ва ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум Махсудҷон Умаров аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.

Доир ба мавзуъи “Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳри Хуҷанд” муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 декабри соли 2016, № 532 “Дар бораи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар вилояти Суғд, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 январи соли 2017, № 35, “Дар бораи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳри Хуҷанд ба тавсиб расида, баҳри дар амал татбиқ намудан нақшаи дохилиидоравии шаҳрӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” таҳрезӣ гардида, масъулини дахлдор ҷиҳати пиёда намудани он аз тамоми имконот истифода бурда истодаанд.

Таъкид гардид, ки даҳшатафканӣ, террор, одамрабоӣ ва зӯроварӣ ба шеваи аслии муборизаи ин гурӯҳҳо ва мояи даромад ва зиндагии онҳо табдил шуда буд. Мубориза бо ин гурӯҳҳо ва зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва зӯроварӣ азму иродаи қавӣ ва хастанопазирро талаб мекард. Бо роҳбарии бевосита ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари истодагарӣ дар муқобили ин зуҳуроти номатлуб, заминаи ҳуқуқии аз миён бурдани ин мушкилот низ фароҳам оварда шуд. Бо ин мақсад, Ҳукумати Тоҷикистон ба қонунҳои амалкунанда, тағйиру иловаҳо ворид намуда, бо ташкилоти байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамкорӣ ба роҳ монд ва ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум карда, муборизаи беамонро дар ин самт ба роҳ монд.

Дар музокираи масъалаи мазкур вакилони Маҷлиси шаҳрӣ Назокат Ёрматова ва Наим Маликисломӣ баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.
Сипас, ҳисоботҳои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб, № 11 Умеда Муродӣ оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ манзур гардид.

Дар масъалаи “Номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” Раиси комиссияи номгузорӣ Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи комиссияи доир ба иваз намудани номи тангкўчаи Патёмкини маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иномҷон Қодиров, гузоштани лавҳаи хотиравии Султонов Шукур Маллабоевич дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номгузорӣ намудани яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаи Чашмаи Арзана ба номи Зоҳидов Абдуқодир, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Хуҷанд ба номи Баҳриддин Осимов баррасӣ гардида, лоиҳаҳои қарор ба тавсиб расидааст. Вакилон онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Сипас, вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои гуногун аз ҷумла, нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2018 ва қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро баъди баррасӣ тасдиқ намуданд.
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода дар ҷараёни иҷлосия баромад намуда, доир ба мавзуъҳои матраҳгардида андешаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба вакилони шаҳрӣ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра маълумот дода, баҳри тақвияти фаъолияти дастҷамъона ҳидоятҳо намуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд