(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо камоли ифтихор ва самимияти афзун тамоми сокинону меҳмонони Хуҷанди бостониро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод намуда, барояшон хонадони ободу рӯзгори осоишта, хушбахтиву пирӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Воқеан, 25 сентябр рӯзи шаҳрест, ки онро оламиён Тирози ҷаҳон мехонанду он чун шаҳри некӯкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».

Таърихи ҳар як шаҳр - ин қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърих ва сарнавишти мардумест, ки онро бунёд намудааст. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад ва ҳар як шаҳри хурду бузург симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмӯъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил менамояд. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест.

Вақте ба таърихи беш аз 2500 солаи шаҳри бостонии Хуҷанд назар менамоем дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арӯси дунё», «Беҳҷатмаол» ва «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст.

Даврони Истиқлолият ба Хуҷанди бостон рӯҳу тавони тоза бахшида, боғшаҳри мо ба худ симои наву тозаро касб намуд ва аз шарофати истиқлол ва файзу баракати он рушду нумӯи тоза ёфт.

Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари озоду обод ва шукуфою дилрабо табдил ёфт. Дар ин радиф дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуд.

Фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии сокинони шаҳр умед ба ояндаи дурахшон аст.

Имрӯз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ дуюмин шаҳри Тоҷикистон пас аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе мебошад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, ҳоло ба беш аз 180 ҳазор нафар расидааст.

Дар шаҳри Хуҷанд 4 донишгоҳи олӣ, 5 коллеҷ, 48 муассисаи таълимӣ, 33 кӯдакистони давлатӣ, 11 кӯдакистони хусусӣ ва 16 муассисаи тиббӣ амал мекунанд.

Имрӯз Хуҷандшаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои дастоварди мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд.

Бори дигар ҳамшаҳриёни азизро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод гуфта, саодатмандиву хонаободӣ таманно менамоям.

Рӯзи шаҳр муборак ҳамшаҳриёни азиз!