(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд конфронс бахшида ба 70 солагии сармуҳаррири нахустини рўзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» Абдулмаҷиди Бобоҷониён баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят Карими Шариф номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 70 солагии Абдулмаҷид Бобоҷониён ироа намуд. Таъкид шуд, ки ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихор мекунаду сарбаланд аст. Дар ҷомеа, алалхусус дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мардум қаламу қаламкаш, рўзноманигору адиб нақши муҳим мебозад, зеро бо ҳар нигошта, бо қалами созандаи хеш атрофиёнро аз паси худ мебарад ва роҳи зиндагии ононро мунаввар месозад. Абдулмаҷид Бобоҷниён аз зумраи чунин шахсиятҳо маҳсуб меёбанд.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: “Мо ифтихор аз он дорем, ки имрўз дар қатори бузургони ин соҳаи басо масъулиятнок номи инсони накўкор ва қавиирода, фозилу хушмуомила, роҳбари фидокору фарди ғамхор, устод ва мураббии даҳҳо ҷавонон, нахустин сармуҳаррири рўзномаи расмии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд - «Тирози ҷаҳон» Бобоҷониён Абдулмаҷиди Абдукаримзодаро ба забон меорем. Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи Абдулмаҷиди Бобоҷониён дар ин ҷода ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз тарафи ташкилотҳои эҷодӣ қадр гардидааст. Барои комёбиҳои меҳнатӣ ва фаъолияти эҷодӣ бо баландтарин мукофоти соҳа - Ҷоизаи журналистони кишвар ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сарфароз шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии Абдулмаҷиди Бобоҷониёнро намунаи ибрат ба ҳамагон медонад.

altСипас, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Мухтори Абдулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Бобоҷон Қурбонов, адибон Ҷӯра Юсуфӣ, Маъруф Бобоҷон, Аюби Кенҷа, муовини директори ДИСДТТ профессор Тӯрақул Ризоқулов ва дигарон баромад намуда, дар бораи ҳаёти ибратбахши Абдулмаҷид Бобоҷониён ва аз хислатҳои ҳамидаи эшон ҳарф гуфтанд. Таъкид шуд, ки Абдулмаҷид Бобоҷониён дар самти худшиносиву худогоҳӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, яке аз эҳёгар ва мубаллиғони номи “Суғд” буд, ки имрӯз исми яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Абдулмаҷиди Бобоҷониён баъди хатми донишгоҳ дар идораи тозаэҳёи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (алҳол “Ҳақиқати Суғд”) ба кор омада, то соли 1988 дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла хабарнигори хурд, барандаи шумора, тарҷумон, ҷонишини котиби масъул, иҷрокунандаи вазифаи котиби масъул, хабарнигори махсус, хабарнигори калон, мудири шўъба кор кард. Устод муддати дароз котиби созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд ва соли 1992 раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид ва дар ин вазифа то соли 1999 фаъолият дошт. Тирамоҳи соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд рўзномаи маҳаллӣ таъсис ёфт ва дар муддати кўтоҳтарин маҳбуби хуҷандиён гардид. Рўзнома маҳз бо кўшишҳои Абдулмаҷиди Бобоҷониён таъсис ёфта, ба чоп баромад ва ҳамчун сардабири нахустини рўзномаи расмии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд – «Тирози ҷаҳон» то соли 1998 кор кард.

Сипас, дар Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил ба ҳайси муҳаррир ва сардабири нашрияи рекломии «Симо», чанд муддат ба ҳайси сардабири нашрияи «Ориён» фаъолият дошт. Соли 2000 дар вилоят бо дастгирии Созмони амниятии ҳамкории Аврупо бо номи «Суғд» нахустин ҳафтавори мустақили хусусӣ таъсис ва мавсуф сардабири он таъин гардид.

Аз соли 2003 Абдулмаҷиди Бобоҷониён ба ҳайсияти муассис ва сардабири нашрияи мустақили хусусии «Суғдиён» кору фаъолият дошт.
Абдулмаҷиди Бобоҷониён аз соли 1974 узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шўравӣ ва Тоҷикистон, солҳои 1991-1999 узви комиссияи назорату тафтишоти Конфедератсияи байналмилалии Иттиҳодияҳои журналистии Иттиҳоди давлатҳои мустақил интихоб шудааст. Мавсуф ба ҳайси раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон солҳо заҳмат кашида, дар пешбурди матбуоти тоҷик, таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми босазо гузоштааст.

Дар анҷоми конфронс Абдулмаҷид Бобоҷониён барои ташкили чунин нишаст ва таҳияи китобаш бо номи “Мерос” ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва ҷамъи ҳамкорону ҳамкасбон миннатдорӣ баён сохта, омодагии хешро баҳри тарбияи кадрҳо ва хизмат ба Ватану миллат изҳор дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд