(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд бо фаъолони маҳаллаи «Хуҷанд»

Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов бо муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов имруз силсилаи вохуриҳои худро бо фаъолони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида вохурии нахустин бо сокинони маҳаллаи «Хуҷанд» баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов доири дастовардҳои шаҳр дар соли равон малумот дода қайд намуд,ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири ободии кучаҳои шаҳр таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд. Маҳз чунин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳӣ Президенти Тоҷикистон боис шуд,ки бо дастгирию маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 32,3 км таъмири ҷорӣ ва 14 км роҳҳои вилоят таъмири капиталӣ карда шуданд. Кӯчаҳои «Чорбоғ» ба номи «М Горкий» «Шӯро» «Озодӣ» ва чанд кучаҳои дигари маҳалла асфалтпуш карда шуданд. «Аз ҷониби  иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ пешниҳод гардидани «Соли 2014-соли роҳҳои обод» шоёни дастгирист. Дар ҳамин замина соли оянда боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободӣ ва таъмири роҳҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ  шудааст»- қайд намуд Раҷаббой Каримов. Вобаста ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар дохили кучаҳо, таъмири ҳавзу чароғонкунии маҳалла,ҷудо намудани   замини   наздиҳавлигӣ    сокинон ба Раиси шаҳр муроҷиат намуданд.  Дар интиҳо Раҷаббой Каримов аз ҳозирон даъват намуд,ки барои иҷроиши  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими расму оинҳои миллӣ» фаъолона ширкат намоянд.