(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altЧанд рӯз пеш хостам ба хабаргирии як муаллимаам ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равам. Ба истгоҳи ба истилоҳ “Раҳимӣ” баромадаму мунтазири нақлиёт шудам. Азбаски фурсати зиёд надоштам, мунтазири автобус нашуда, ба микроавтобус савор шудам. Дар назди “Автобазаи 31” фаромадаму муаллимаро зиёрат карда, дар бозгашт ба автобус нишастам. Ҳама мусофирон хурсанд. Ҳама озодона меистоданд. Бо мақсади он ки мардуми савори автобус чӣ руҳия дорад, ба мусофирон назар андохтам. Ба зани дар паҳлӯям нишаста суол кардам ки оё хизмати автобус ба ӯ маъқул аст? “Духтарам, ман 53 сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Муддати ду ҳафта мешавад, ки бо автобус равуо дорам. Бовар намо, ягон беҳурматӣ ва ё ягон дағалиро мушоҳида накардам. Ронандаҳо хуб хизмат мекунанду муносибати хуш доранд.Либоси сап-сафедашонро намегӯед... Автобус роҳати ҷон.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шурӯъ аз моҳи августи соли ҷорӣ автобусҳои нави мусофирикашон дар хатсайрҳои маркази вилоят ва ноҳияҳои наздики он ҳаракат мекунанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ, қайд карда гузашт, ки то охири соли равон шумораи ингуна автобусҳо наздики 100 ададро ташкил дода,талаботи мардумро қонеъ хоҳад кард. Як нуктаро зикр бояд кард, ки ин автобусҳ ои замонавии тамғаи “ЛИАЗ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 26,8 млн доллари амрикоӣ амалӣ гардид. Автобусҳо дорои 25 ҷои нишаст ва дар маҷмӯъ, гунҷоиши 70 мусофирро дорад, ки ин боиси камшавии мунтазирии мусофирон дар истгоҳҳо мебошад.

Мафтуна Сӯфиева донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мегӯяд, ки: “ Ман дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекунам. Ҳар рӯз аз он ҷо ба донишгоҳ меоям. Пеш барои раҳкиро 5-6 сомонӣ харҷ мекардам. Ҳоло бошад танҳо  бо 2 сомонӣ ба донишгоҳ омаду рафт менамоям, ки ба ман ҳамчун донишҷӯ хеле хуб аст, зеро ҳам ба иқтисодиёти оилаамон хуб асту ҳам сари вақт ба дарс ҳозир мешавам. Бо нархи дастрас метавонем тамоми шаҳрро тамошо намоему ба ҷои даркориамон ҳозир шавем. Ман миннатдории худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳ тарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки ба мо сокинон чунин имконияти хубро муҳайё сохтаанд. Маҳз ба шарофати дастуру пешниҳоди Пешвои миллат имрӯз мо бо нархи дастрас дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздики он озодона рафту омад намоем”.

Мунзифа Холиқова, омӯзгор аз ноҳия Деваштич чунин иброз дошт,ки: “Ман ба Хуҷанд зуд-зуд меоям. Имрӯз ба ин ҷо омадаму хизматрасонии автобусҳоро дида, басо хурсанд шудам. Чанд сол аст, ки хизмати автобусу троллейбусҳо аз байн рафтааст. Хушбахтона, имрӯз автобус дар шоҳроҳҳои шаҳр ҳаракат карда истодааст, ки барои мо насли калонсол замони неки гузаштаро ба ёд меоварад. Чунки насле,ки каму беш нони замони шӯравиро чашидааст, қадри автобусро хуб медонад. Дирӯз вақте савори автобус будам, сӯҳбати се-чор нафар занҳо ба гӯш расид, ки ҳама миннатдор аз давру замон, аз роҳбарон буданду дуо мекарданд, ки ғамхорӣ ба халқ аз ин ҳам бештар гардад.

Воқеан, дар баробари оғози фаъолияти автобусҳо тамбашавӣ дар роҳҳо ва садамаи нақлиётӣ кам хоҳад гардид.

Аз 100 адад пурсише, ки доир намудем, аксарият аз хизматрасонии автобус дар шоҳроҳҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳ ои гирду атрофи он хеле хушҳоланд. Умед бар он дорем, ки сокинон дар навбати худ дар хуб нигоҳ доштани дохили автобус, эҳтиёткорона истифода бурдани ҷойи нишасту долони он маданияти баланди мусофириро нишон медиҳанд.

Ҳафиза БЕГЗОДА,
коромӯзи рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”