(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баъди тамошои филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам»  маълум гардид, ки сухан дар бораи яке аз аъзоёни фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ Сатторов Айёмиддин сухан меравад, ки ў аз соли 1990 то ин дам яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар паҳлўи Саид  Абдуллоҳи Нурӣ истода, барои амалӣ шудани ғаразҳои худ бар зидди халқи худ мубориза мебурд. Аз дасти онҳо ҳазорҳо одамони бегуноҳ ва ходимони намоёни илм ба монанди Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, ректори Донишкадаи тиббии Тоҷикистон Юсуфхон Исҳокӣ, ҷонишини ректор Ғуломов М. додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Нурулло, журналистони тоҷик ва даҳҳо халқи бегуноҳ кушта шуданд. Ҳаёт ранги тамоман дигар гирифт.

Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI чун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буданд, дар Тоҷикистон  ба ҷангҳои бародаркушӣ хотима дода шуд.

Як қатор гумроҳон миллат, аз ҷумла Сатторов Айёмиддин, ки бар зидди халқи худ баромада буданд, рў ба гурез ниҳоданд ва онхо ба Эрон муҳоҷират карда шуданд. Имрўз яке аз аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ Сатторов Айёмиддин аз кардаи худ пушаймон буда, ў ба назди зану фарзандони худ баргашта аст ва ба воситаи оинаи нилгун баромад карда, дар бораи маблағгузаронӣ аз тарафи хадамотҳои махсуси Эрон сухан кард, то ки ҷавонони тоҷикро гумроҳ карда, ба  ин ҳизби террористӣ аъзо намоянд.

Сатторов Айёмиддин инчунин  дар бораи дар пойгоҳҳои низомии шаҳрҳои гуногуни Эрон, аз ҷумла дар Пардис, Ароқ, Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон тайёр намудани фарзандони тоҷики гумроҳгашта бар зидди ватани худ маълумот дод.Ў қайд  кард,ки соли 2015 ҳуҷуми мусаллаҳона ба қисми сарҳадии Мурғоб, кўшиши табаддулоти давлатӣ тарафи Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода соли 2017 низ кори саркардагони Эрон ва роҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд. Чандин боз саркардагони Эрон ва роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд, ки ў дар кофтукоби байналхалқӣ қарор дорад.

Имрўз яке аз  аъзоёни фаъоли ташкилоти Ҳизби наҳзати исломӣ Сатторов Айёмидин  аз кардаи худ пушаймон буда аз халқи худ маъзарат мепурсад ва сад нафарди аъзоёни ҳизбро даъват карда истодааст, ки ба ватани худ хиёнат накунанд ва роҳи дурустро интихоб намоянд. Ў дар ҳақиқат аз ҷаҳаннам баргашт, зеро  ба ғайри куштор ва хиёнат ба Ватан дигар чизе дар дили онҳо нест.

Ман чун яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба чунин фарзандоне, ки ба ватани ободи худ хиёнат мекунанд, ободии кишварро, пешравии Ватани азизи худро дида наметавонанд, нафрат дорам. Намехоҳам, ки ҳодисаҳои солҳои 1991- 1997 боз  аз нав такрор гарданд. Намехоҳам, ки ашки ғам аз чашмони модарон резад, фарзандон ятим гарданд. Лаънат ба хоинони Ватан.

Раҳбарой Абдуллоева
мудири кафедраи
методикаи таълими фанҳои тахассусии
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд