(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои  «терарроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духўрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва  ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».

«Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат   Эмомалӣ Раҳмон».

Ман зодаи даврони истиқлолам ва пўшида нест, ки ҳар чи дар бар дорам, шукронаи давраҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони имрўза мебошад.

Баъзе инсонҳоро намефаҳмам, ки мо шаҳрвандони як Ватан як сарзамин ҳастем ва аз ин замонаи тинҷию оромӣ ношукрӣ  мекунанд.

Чанде пештар дар шабакаи  интернетӣ навореро тамошо намудам, ки аз ваҳшонияти хоинону меҳанфурўшон ва душманони миллати тоҷик, яъне террористони наҳзатӣ парда бардоштаанд. Дар он бераҳмию кушторҳо  ба  назар мерасад.

Баъди дидани ин наворҳо бинанда дарк мекунад, ки ТТЭҲНИ қотили аслии олимону зиёиён ва душманони бунёдии илму дониш ва умуман мардуми  мо буду ҳаст.

Агар ба ислоҳоти терроризм назар афканем, аз ду қисм- аз калимаи  лотинии «nthhjh»-террор, тарс, ваҳшоният ва суффикси  исмсози «изм» , ки ба раванди ҳодисоти дар решаи  онҳо  мавҷудбуда  табдил  ёфтааст.

Дар замони кунунӣ, терроризм ба масъалаи  глобалии замони муосир, воситаи муассири тарсондани инсон, неруи манфии вайронкунандаи  низомҳо, унсури нодурусти расонидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба  фарҳангу тамаддунҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал  гаштааст.

Сокиноне ,ки дар чунин сарзамини биҳиштосо ҳамеша хушу хурсандона зиндагӣ ба сар мебаранд, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд ,ки  ба Ватан, миллат хиёнат намоянд .

Вале афсўс ки баъзе нафарон аз паст будани илм, маданият, фарҳанг, сиёсатӣ дин ва давлатро ба ҳамдигар пайванд намуда, аз тарафи хиёнатгарони давлатҳои хориҷии исломӣ, ки бар миллати хеш  зарари худро мерасонанд ва бо воситаи шабакаи интернет мақсадҳои худро паҳн мекунад, бо васитаи хайрату ҳавас ба ин гурўҳҳои номатлуб ҳамроҳ мешаванд ва чӣ гуна ҳамроҳ шуданашонро худи фардҳо низ намефаҳманд.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористӣ, аз ҷумла аз  тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои  мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки  бо суи истифода аз бавариву эътиқоди динии мардум анҷом дода шавад.

Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне бо роҳи ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахтию бечора намудани мардуми он барҳам додани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти  сиёсӣ мебошад

Мо ҷавонон ва сокинони кишвар аз замони тинҷию оромии Ватани азизамон баҳра бурда, ба ин гуррўҳҳои номатлуб ҳамрох нагашта, вазъи шароити оилавӣ ва ба замони сулҳу салох шукрона намуда, бояд сарбаландона  зиндагонӣ намоем.

Абдураупова Н.Б.
омўзори кафедраи фанҳои табиӣ