(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сокинони шаҳри Хуҷанд якдилона шанбегӣ гузарониданд

Мувофиқи дастури Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд , санаи 30 ноябр  шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар он  наздик 30 ҳазор нафар сокинон, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кормандони ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят, новобаста аз шакли моликият, иштироки фаъолона намуданд.Дар рафти ҳашар, 528 дона ниҳоли сояафкан, 1600 дона  қаламчаи ниҳол шинонда шуда, ҳамзамон 72 километр ҷуйбор тоза гардида , 50 метри мукаъаб биноҳо сафед карда шуданд. Ҳашарчиён дастҷамъона барои баровардани партовҳо,тоза намудани кӯчаву хиёбонҳо саҳм гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист,ки шанбегии оммавӣ  аз иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар корҳои ободонӣ ва дарахтшинонӣ дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шуруъ шуд.

Дар назар аст, ки тибқи супориши  Раиси шаҳри Хуҷанд дар фасли зимистон корҳои ободонӣ ва гулзор намудани маркази вилоят бо тарзу усули нав, вусъати тоза мегирад.