(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафт қарор дорад ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати рў ба тараққӣ ва осоишта пазируфта шудааст, ки он бевосита аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ     Раҳмон маншаъ гирифтааст.

Эътироф эҳтиёти аст, овардҳои бузурги замони истиқлолият, ки яке аз онҳо сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Воқеан, экстромизм ва терроризм дар меҳвари гирудорҳои сиёсии ҷаҳон  қарор дошта, хатари бузургеро дар пай дорад, ки Пешвои миллат борҳо аз ин хатар ҷомеаи ҷаҳонро хушдор додаанд.

Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии гурўҳҳои мутташаккил маҳсуб меёбанд, ки харитаи сиёсиву иқтисодии  сайёраро баҳри  манфиатҳои нопоки хеш сўи истифода намоянд. Яке аз ҳадафҳои асосии  терроризми байналхалқӣ дар ин ё он мамлакат барҳам додани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша мебошанд, ки ба идеологияи экстреместӣ асос ёфтааст.

Худи истилоҳи «терроризм» аз забони лотинӣ гирифта шуда маънояш     тарс, ваҳшат мебошад. Яъне, сиёсати тарсонидан, пахш намудани  мухолифони сиёсӣ ба воситаи зўроварӣ мешад.

Зуҳуроти номатлуби терроризм экстромизми диниро аввалин бор дар  солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили    террористӣ – экстрамистии ҲНИТ барои нооромсозии вазъияти сиёсию   ҷамъиятӣ ва касби ҳокимият роҳандозӣ истифода намудааст. Чунин    фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси  сар задании ҷанги     шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳбори ҷанги  дохилӣ ва он амал террористии наҳзатиён то ҳанўз аз хотираи мардум зудуда  намешавад. Он ҳамчун як доѓи сиёҳ ва сифатҳои торике дар таърихи     давлатдории нави тоҷикон боқӣ мемонад.

Дар асл мақсаду мароми  ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу   дастуру хоҷаҳояшон ва амалӣ   намудани  нақшаҳояшон, яъне бо роҳи    ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардуми он барҳам додани  сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани         ҳокимияти сиёсӣ буд.

Имрўз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТТЭ  ҲНИТ бар     хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида буд ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд, буд на чизи дигар. Бо муваффақият ошкор, тафтиш ва пешгирии ҷиногятҳои хусусияти экстромисти дошта, такмил  додани фаъолияти тафтишотиро талаб менамояд. Ба андешаи мо барои такмил додани фаъолияти тафтишотӣ ва баланд бардоштани тафтишотӣ пешак беҳтар намудани кор бо кадрҳо, интихоби кадрҳо, таъмини малакаи касбии мутахассисон шуда метавонад.

Имрўз барои муқовимат зидди экстромиз на танҳо чора ва тадбирҳои низоми давлатӣ, инчунин беҳтар мешуд нерўи  ҷамъиятию шаҳрвандӣ низ истифода  шавад. Дар ҳалли масъалаи мазкур  намудан бо аҳли ҷамъият ҳамеша натиҷаи назаррасро медиҳад. Бояд шакли нави ҳамкори бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ коркард карда шавад. Маълумотҳое , ки аз ҷониби шаҳрвандон дастрас карда мешавад, барои такмилдиҳии  маълумотҳо, барои  баҳисобгирии экстромистии потенсиалӣ, инчунин пайдо    намудани маълумотҳо оид ба тайёрии чорабиниҳои ѓайриқонунӣ ва ѓайра    имконият фароҳам мегардад.

Ризвоншоҳ Ғуфронов,
раиси созмони ҷавонони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд