(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Саҳҳомони нави Ташкилоти Қарзии «Имонон Интернешнл»

Дируз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маросими тантанавии ба ҳайати саҳҳомони Ташкилоти Қарзии «Имонон Интернешнл» ворид гаштани Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо ва Ширкати Рушди Молиявии Нидерландҳо ширкат  намуд. Ӯ Роҳбарият ва кули саҳмдорони ин ширкати бонуфузро аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд   Абдураҳмон Қодирӣ  табрик намуда изҳори умедворӣ намуд,ки ба саҳмдорони ин ташкилоти қарзӣ ҳамроҳ шудани  ду муассисаи молии бонуфузи ҷаҳонӣ мақоми «Имонон Интернешнл»  боз ҳам бештар хоҳад намуд. «Зеро имруз сиёсати Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди инвестсионӣ равона шудааст» таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.

Саҳҳомони нави «Имонон Интернешнл» 12,5% саҳмияҳоро ҳар кадомӣ,  ба маблағи умумии 6,5 миллион доллари ИМА харидорӣ намуданд. Назар ба гуфтаҳои коршиносон ин амалиёт  мибаъд  имкон медиҳад,ки ташкилоти мазкур ба бонки мустақил табдил ёфта имкониятхои нави рушдро пайдо намояд.

Аввалин  маротиба Ташкилоти Қарзии «Имонон Интернешнл» соли 2005 аз Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо қарз гирифта, то имруз ин ҳамкорӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар ин маросим ҳамчунин роҳбари намояндагии Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо Улф Хиндстром ва роҳбари лоиҳаҳои бонкӣ Фируза Исҳокова ширкат намуданд.