(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда, маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои номбурда чорабиниҳои идона баргузор ва бошандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин санаи 9.09.2018. дар ҳамаи қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд чунин чорабиниҳо баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд