(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ дода будем, бо иқдомоти Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бегоҳии дирӯз, соати 19:00  дар назди Муассисаи давлатии маҷмааи фароғатии «Истиқлол» консерти идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардид.

Дар он ҳофизони шинохтаи кишвар, аз қабили Анвар Қосимов, Олим Воҳидов, Ҳасани Камол, Олим Маҳмудов, Дилноза Каримова, Фарангиси Дунё, Аъзам Болтабоев, Шуҳрат Сайнаков, Шӯҳрати Расул, Ситораи Кароматулло, Гуласал Пӯлотова ва дигарон баромад намуда, суруди таронаҳои ватандӯстона, ишқу муҳаббат саройиданд.

Бояд қайд намуд, ки ин тадбир бахшида ба 27 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, барномаи консертии мазкур пурра сабт ва тариқи телевизионҳои марказӣ ва вилоятӣ намоиш дода мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ситораи санъати тоҷик Дилноза Каримова баъди танаффуси тӯлонӣ бори аввал дар ин консерт сурудхонӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд