(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСарбозони Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз осоиштагии кишвар бо рӯҳияи баланди ватандӯстона чорабиниҳои бахшида ба Иди саиди Қурбонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода афсарон ва сарбозони шуҷоъи Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои мардум риояи кулли расму анъанаҳои миллиро кафолат додааст. Иди Қурбон ба шарофати фазилатҳояш қиммати бештар пайдо мекунад. Мо имрўзу ҳамарўз бояд ба нафъи мардум кор кунем, дар ободии диёр, сабзпўш кардани он ҳисса гузорем, бо иффат, покизагии дилу дасти худ сабабгори ғановати маънавии пиру ҷавон ва марду зан шавем, ҳастиамон софу беғубор ва беолоиш монад.

Сипас, аз ҷониби сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Султон Раҳмонзода як қатор номгӯйи дорувории зарурӣ ба роҳбарияти Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд