(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 3501 РВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди саиди Қурбон ҷамъомади тантанавӣ ва дастархони идона ороста шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати вилояти Суғд Ғолиб Шарифозода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сарбозону афсарон расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат имрўзҳо дари масҷидҳо барои намозгузорон боз мебошад. Бояд шукр гўем, ки мусалмонони диёрамон тамоми рукнҳои дини мубини Исломро озодона иҷро менамоянд. Аз ҷумла, имсол аз вилоятамон беш аз 1600 нафар ба зиёрати маконҳои муқаддас сафарбар шуда яке аз рукнҳои муҳими дини мубини ислом - маросими ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, барои баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору гуфтори ҳамида, тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши арзанда мегузоранд».

Сипас, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ироа намуд, ки дар он зикр шудааст: «Фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некўномамон чун пайвандгари давру замон ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои мардум риояи кулли расму анъанаҳои миллиро кафолат додаст».

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд