(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова омада, Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди Қурбон расонд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусулмонони кишвар аз арзишҳои фарҳангиву динӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ба таври васеъ баҳравар гардида, маросиму суннатҳои динии худро озодона ба ҷо меоранд. Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки амалҳои хайри дар ин рўзҳо анҷомдодаи онҳо, яъне дароз кардани дасти мадад ба ҳоҷатмандону мўҳтоҷон, хурсанд кардани ятимон, аёдати беморону куҳансолон ва кўмак ба оилаҳои камбизоат боиси мустаҳкам шудани меҳру муҳаббат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад ва онҳоро ба ҳамдигар наздиктар менамояд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён сохта, таъкид дошт, ки мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Мо бояд шукрона кунем, ки имрўз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд, зеро қонунгузории демократии давлатамон дар баробари эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд озодии эътиқод ва виҷдонро кафолат медиҳад. Шукрона намоем, ки чунин Пешвои миллат дорем, ки ба шарофати он кас кишварамон пеш рафта, рушд намуда истодааст.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд аҳли хонаводаи сегоникҳо: Муҳаммад, Меъроҷ ва Манучеҳрро мавриди аёдат қарор дод.

Мунаввара Ҷабборова модари сегоникҳо аз ин таваҷҷуҳи Роҳбари шаҳр изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи комили фарзандонаш кӯшиш менамояд, то ин, ки эшон дар оянда номбардори миллату Давлат шаванд.

Бояд таъкид намуд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Иди Қурбон беш аз 600 нафар ашхоси камбизоату ятим, беморону куҳансолон ва эҳтиёҷмандон мавриди аёдат қарор дода шуданд. Ҳамчунин ба ин муносибат санаи 21-уми август дар як қатор қисмҳои низомӣ, мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, хонаи кӯдакон ва ғайра чорабиниҳо баргузор, дастархони идона ороста карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд