(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд дастархони идона ороста ва аскарону афсаронро бо Иди Қурбон табрик намуданд.

Раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон ба самъи аскарон ва афсарони қисми низомии Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Боиси хурсандист, ки имсол таҷлили иди суннатӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагииИстиқлолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омада, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон шудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома доранд.Ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат имрўзҳо дари масҷидҳо барои намозгузорон боз мебошад. Бояд шукр гўем, ки мусалмонони диёрамон тамоми рукнҳои дини мубини Исломро озодона иҷро менамоянд. Аз ҷумла, имсол аз вилоятамон беш аз 1600 нафар ба зиёрати маконҳои муқаддас сафарбар шуда яке аз рукнҳои муҳими дини мубини ислом - маросими ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, барои баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору гуфтори ҳамида, тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши арзанда мегузоранд».

Сипас, аз ҷониби намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Насим Маликисломов табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд