(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТабрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бахшида ба Иди саиди Қурбон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям.

Фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некӯномамон чун пайвандгари давру замон ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои мардум риояи кулли расму анъанаҳои миллиро кафолат додааст.

Бо камоли ватандӯстӣ пиру барнои диёр зиндагии созандаву бунёдкорона пеша намуда, ба таълимоти фарзанди фарзонаи миллат Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо садоқати хос имон меоваранд. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид доранд, мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудааст, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад.

Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст.  Чун анъана  дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгири муҳтоҷону ниёзмандон дар сатҳи баланд қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар амалӣ мегардад.

Имрӯз дар шаҳри Маккаи Мукаррама даҳҳо нафар ҳамшаҳриёни мо дар зиёрати хонаи Худо – Каъбатуллоҳ қарор доранд. Имсол дар арафаи Иди Қурбон 125 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд бо нияти анҷоми маросими ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадина сафар намуданд. Бигзор ҳаҷашон қабул шавад ва ба орзуҳои некашон расанду сиҳату саломат ба манзили худ баргарданд. Зеро онон баъди иҷрои рукни панҷуми бинои мусулмонӣ қатори тарбиятдиҳандагони насли наврасро пурра менамоянд, дар як саф бо муаллиму мураббӣ истода, писарону духтаронро ба руҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва эҳтироми падару модар тарбия мекунанд.

Иди Қурбон ба шарофати фазилатҳояш қиммати бештар пайдо мекунад. Мо имрӯзу ҳамарӯз бояд ба нафъи мардум кор кунем, дар ободии диёр, сабзпӯш кардани он ҳисса гузорем, бо иффат, покизагии дилу дасти худ сабабгори ғановати маънавии пиру ҷавон ва марду зан шавем, ҳастиамон софу беғубор ва беолоиш монад.

Бори дигар, Шумо ҳамшаҳриёни азизро бо Рӯзи саид - Иди Қурбон муборакбод мегӯям. Бигзор ахлоқу одоби ҳамида, ростию дӯстӣ, сулҳу ваҳдат моро ба ояндаи нек ва хушбахтона роҳнамоӣ кунад, дастархони ҳама пурнозу неъмат, хонадонашон обод ва рӯзгорашон пурфайз бошад.

Идатон муборак бод, ҳамшаҳриёни азиз!