(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иди Парчами Давлатӣ дар мактабҳои Хуҷанд

Имрузҳо тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои идона баргузор мегардад. Бахшида ба ин санаи муборак дар мактаби миёнаи №19 маркази вилоят бо иштироки муҳассилину омузгорон  бахшида ба ин руз маҳфили бошукуҳ бо унвони «Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз!»  доир гашт.

Дар он хонандагони мактаби мазкур бо кумаки омӯзгорони худ композитсияи адабӣ омода намуда дар мавзуи қадри парчам ватандорӣ ва хештаншиносӣ  баромад намуданд. Дар ин маҳфили ватандустӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова иштирок намуда тарбикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро ба самъи ҳозирон расонд.

Баргузории чунин чорабиниҳои идона дар мактабҳои № 26 ,16 ва дигар дабистонҳои макази вилоят дар назар аст.