(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКулли кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуда, барояшон саодатмандӣ ва бурдбориҳоро орзу менамоям.

Шаҳрвандон дар бораи корнамоиҳои зумраи наҷотбахшон - ин абармардони шуҷоъ чӣ дар ҳолатҳои мудофиаи гражданӣ ва чӣ дар пешгириву рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда хуб огаҳ ҳастанду ба онҳо аҳсант мехонанд. Зеро, ки маҳз кормандони ин соҳа ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳои номатлуби табиӣ аввалин шуда ба кӯмак меоянду зарардидагонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Ин сохтор ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия шуморида шуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ саҳмгирӣ менамояд ва дар ҳамоҳангсозии маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатӣ, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задании амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, масъулият бар дӯш дорад.

Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри такмили фаъолияти хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити сохтори мазкур тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Ситоди мазкур ва сохторҳои таркибии он баҳри бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва садамаҳое, ки дар миқёси шаҳр рух медиҳанд, пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд.

Ин абармардони шуҷоъро, ки ба вазъиятҳои гуногун нигоҳ накарда, ҷон дар каф ҳаёти мардумро ҳифз менамоянд, бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон сиҳату саломатии ҳамешагӣ хоҳонем.

Иди касбиатон муборак абармардони қавиирода!