(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Кормандони идораву ташкилот ва сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр, махсусан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери шиори «1300 рӯзи ободонию созандагӣ» ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, анбегии умумишаҳрӣ гузарониданд.

Дар чаҳорчӯбаи эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар қаламрави шаҳр силсилаи зиёди корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф анҷом дода шуда истодааст.

Дирӯз беш аз 70 нафар кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ, эпидемологии шаҳри Хуҷанд баҳри ободу зебо намудани ҳудуди коргоҳ ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, намои бинои маъмуриро рангу бор ва майдончаҳоро киштгардон намуданд.

Тавре, ки роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарӣ, эпидемологии шаҳри Хуҷанд изҳор доштанд, ин тадбир баҳри сазовор пешвоз гирифтани 27 солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар оянда ин ободкориҳо тақвият дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки чунин тадбири ободонӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, ҳадафи иқдоми мазкур тозаву озода намудани боғу гулгашт, роҳу хиёбонҳо ва назди идораву ташкилотҳои шаҳр, саҳм гузоштан дар тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар самти ободу зебо гардонидани маркази маъмурии вилояти Суғд ва фароҳам овардани шароити хуби санитариву экологӣ дар марказҳои оммавии шаҳр мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд