(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аъзои гуруҳи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҷиҳати иҷрои амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз 20 майи соли 2014, бо мақсади ҷавобгў намудани номгузории нуқтаҳои савдою маишӣ ва хизматрасонӣ амалиёти назоратӣ гузарониданд.

Зимни санҷиш маълум гардид, ки номгузории нуқтаҳои савдою муассисаҳои хизматрасонӣ ва бархе аз навиштаҷоти тахтаҳои таблиғотӣ ба талаботи қонун ҷавобгўй нест. Чунончи, мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ “Korean auto”, мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ “Илҳом Авангард”, нуқтаи савдои “Авто химия Kangaroo”, мағозаҳои фурўши равғани муҳаррики мошин бо номи “Mannol”, «Addinol», “Лукойл”, “Castrol”, мағозаи озуқавории “Муҳаиё” (бояд, ки “Муҳайё” навишта шавад), мағозаи либосҳои занона бо номи “Savsan” (аслан бо шакли «Савсан» бояд бошад), маркази хизматрасонии “Интерком” ва ғайраҳо номгузорӣ шудааст. Соҳибмулкони ин мағозаҳо қатъӣ огоҳонида шуданд, ки номгузории объектҳои худро ба талаботи қонун мутобиқ намоянд.

Масъулини Комиссияи шаҳрии Хуҷанд оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд низ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссия, гурўҳӣ корӣ ва дар сатҳи арзанда амалӣ гаштани муқаррароти қонун кўшиш ба харҷ медиҳанд. Корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд