(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имруз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда,он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст .

Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷонибдори сулҳ буда, ҳаргиз ба меҳмонон номеҳрубони нахоҳад кард. Мутаассифона, имруз дар ҷомеа ҳастанд онҳое, ки пешравию дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дида наметавонанд ва мехоҳанд бо ҳар роҳ оромии онро халалдор созанд.

Аз ин рӯ,аҳли ҷомеаи кишвар ва ҳар кадоми моро зарур аст ки барои ҳифзу гиромидошти сулҳу субот ва оромии кишвар, ки бо душвориҳои зиёд насибамон гардидааст, бетараф набошем ва онро ҳушёронаву зиракона ҳимоя намоем .

Бо итминони комил гуфта метавонем,ки зархаридони хориҷӣ ба мақсади нопоки худ расида натавонистанд.

Мо халқи шарафманди шаҳри Хуҷанд аз мардуми огоҳу  бедордил,зиёиёну адибон, фаъолону собиқадорон ва пирони рӯзгордида даъват ба амал меорем, ки ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошанд. Ва дар роҳи бунёдкориву созандагӣ ва дар пиёда сохтани ин сиёсат сахмгузорӣ намоем.

Зайнура Раҳимова,
сокини ша
ҳри Хуҷанд