(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳодисаи нангини 29 июли соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, ҷониби шахсиятҳои номаълум бо автомашинаи сабукрав пахш кардани сайёҳони хориҷӣ, ки ба сайёҳати туристӣ омода буданд, амали разилона аст. Дар натиҷа 4 сайёҳҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, з нафари дигарашон маҷруҳ шуданд ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ғамгин сохта ба ҳайрат гузошт. Ин сайёҳон, ки  аз давлатҳои Шветсария, ИМА ва Ҳолланд буданд, тавассути велосипед дар қади роҳ ҳаракат доштанд.

Гумонбаршудагон ва дар ин амали номатлуб даст дошта,холо ин ходисаи нангин мавриди тафтишот қарор дорад.

Чойиз ба қайд аст, ки ноҷавонмардона, аз тарафи ашхоси номаълум,шомил ба ДИИШ, Ҳизби ғайриқонунии наҳзати ислом, «Гурӯҳи сарбозони хилофат» ва хоҷагони хориҷии гурӯҳҳои ба ном исломӣ ба амал омадани ин ҳодисаи нафратангез дида натавонистани дастоварду пешравиҳои кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад. Ин ҳолати нангин дар кадом ҳолате набошад, мардуми тоҷик  шадидан маҳкум намуданд.

Ваҳдату ягонагии мардум намегузорад, ки душманони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш расанд ва оромию суботи ҷомеаи моро халалдор сознад.

Ин бадхоҳон ва  бадбахту беватану бенангу номус пешравиҳои Тоҷикистонро дида натавониста, обрӯю эътибори кишварро дар байни давлатҳо паст заданӣ мешаванд. Ин хоинони миллату давлат аз муттахидии  халқ ва аз сарнавишти онхо, аз рисолати азалии мардуми тоҷик бехабаранд, ки ягон тоҷик на манзилеро хароб кардаву на фардеро ба қатл расонида бошад. Балки рисолати мардуми тоҷик созандагиву бунёдкорӣ, меҳмоннавозиву инсондӯстӣ, фарҳангшиносиву маданиятдорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар ҳама давру замон буду мебошад.

Итминон, дорем, ки ин сӯиқасди номардонаи душманони миллат ва давлат ба нокомӣ анҷомида, ҷаҳониён аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ хоҳанд ёфт.

Шарофат Азимова,
сокини ша
ҳри Хуҷанд