(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дарахтони нодир шаҳрро обод хоҳанд кардДар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои хамешасабз шинонда шуд.  Дар корхои нихолшинони шахри Хучанд Рачаббой Каримов иштирок   намуд. Ин  нихолхо солхои кабл аз Белгия оварда шуда буданд ва минбаъд дар   кучаю хиёбонҳо ва назди идораю муаасисаҳои маркази вилоят шинонда мешаванд .

Ин намуди нихолхо аз кишвари Белгия оварда шуда, тули як сол дар иқлими мо мутобиқ карда шудаанд. Мутахассисон мегуянд, нихоли ороишии «Коҷи кабуд» то 100 метр қад кашида, ба намуди шаҳр ҳусни дигар зам хоҳад кард.

Мутобик ба иттилои масъулин, соли гузашта аз кишвари Белгия 2 ҳазор бех дарахтони «Коҷи  кабуд» ва ороишиву ҳамешасабз оварда шуда буданд. Баъди мутобиқгардонӣ аввалин шуда имруз дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Хучанд 40 бех шинонида шуд.

Пешбинӣ мешавад ,ки дар шаҳри Хуҷанд минбад чунин навъи дарахтон ва навъи «Ҷалғузаи ҳимолой» шинонда хоҳад шуд.

Раиси шаҳри  Хуҷанд Раҷаббой Каримов зикр намуд, ки ин иқдомро ташкилоту муассисаҳои шаҳр низ дастгрӣ менамоянд ва барои сарсабзу ба боғшаҳр гаштани Хуҷанд мусоидат хоҳанд кард.