(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода, сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ва дигар аъзоёни Комиссияи маҳаллии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ ва экологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва як гурӯҳ муҳоҷирони экологӣ доир гардид.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаи ташкили инфрасохтор дар маҳалҳои барои муҳоҷирони экологӣ ҷудогардида баррасӣ шуд.

Сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова оид ба корҳои иҷрошуда иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки аз тарафи шӯъбаи Хатамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони экологӣ вохуриҳо вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сарфи маблағҳои ҷудошуда мунтазам баргузор карда мешавад, ки дар рафти онҳо сардор ва кормандони шӯъба оиди ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирони экологӣ маслиҳат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

Аз соли 2011 то 2018 46 оилаҳо ҳамчун муҳоҷирони экологӣ эътироф шудаанд, ки сатҳи намнокии зеризаминӣ дар хонаҳои онҳо баланд мебошад. Ба ин нафарон дар асоси қарорҳои дахлдор аз маҳаллаҳои 1,2,4,5,13,14,15 ва 26-и шаҳри Хуҷанд барои сохтмони манзили зист қитъаҳои замин ҷудо шудааст. Ин шаҳрвандон–муҳоҷирони экологӣ корҳои ободонию сохтмониро дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии худ оғоз намудаанд. Барои боз ҳам тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби муҳоҷирони экологии солҳои 2011-2018 кормандони шӯъба бо сарварони 46 оилаҳои муҳоҷирони экологӣ вохӯрӣ гузаронида, аз рафти корҳо дидан намуданд. Дар рафти мулоқотҳо муайян гардид, ки дар баробари пешравиҳо баъзе муаммоҳои ҳалталаб низ мавҷуд мебошанд ва ҳалли онҳо аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ вобаста аст.

Баъд аз шунидани гузориши Махфират Саторова раиси Комиссияи байниидоравӣ аз аъзоёни масъул вобаста ба муаммою мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал овард. Аз ҷумла оид ба масъалаҳои таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, нерӯи барқ ва ба тартиб даровардани роҳҳо ба саволҳои додашуда мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД-и шаҳр Муъмин Тошматов, директори КВДК “Хуҷандобуканал” Носир Ғафурзода, сардори Шабакаҳои барқи шаҳр Рустам Пулотов ҷавоб доданд.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таклифу пешниҳоди як гурӯҳ муҳоҷирони экологӣ низ шунида, ба саволҳояшон посух дода шуд. Бо назардошти гузориши сардори шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, таклифу пешниҳоди муҳоҷирони экологӣ ва натиҷаҳои мулоқот бо онҳо Раиси Комиссияи байниидоравӣ дар назди аъзоёни Комиссия вобаста ба ислоҳи саривақтии камбудиҳо вазифагузорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд