(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири рушду тараққии соҳа комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Нақши соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ободонию зебоии шаҳр басо назаррас аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ, аз қабили сохтмону таҷдиди роҳҳо ва иншоотҳои он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётии минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмилалии нақлиётӣ мусоидат намояд, ки ин ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам манбаи даромади иловагии буҷет ва рушди иқтисодиёт мебошад.»

Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии бевоситаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд асфалтпӯшу мумфарш шуда истодаанд ва фақат дар соли ҷорӣ беш аз 17 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки дар кори шаборӯзии нақлиётчиён мусоидати нек хоҳад кард.

Чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд, ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд. Бо амалишавии пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад ва дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд. Умедворем, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Итминони комил дорам, ки кормандони муҳандисию техникӣ, ронандагон, челонгарон ва ҳамаи алоқамандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаи худро сарбаландона иҷро намуда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд мебардоранд ва дар рушди соҳа ҳиссаи арзанда гузошта, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мекунанд.

Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо алоқамандони соҳа саломатию сарбаландӣ ва дар меҳнати пуршарафатон муваффақиятҳо хоҳонам. Бигзор ҳамеша роҳатон ҳамвору сафед бошад, кормандони нақлиёти автомобилӣ!

Иди касбӣ муборак!