(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТақвияти иқтидории нишондиҳандаҳои ҳамаи самтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар шаш моҳи соли равон имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 103,4 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 100,1фоиз таъмин гардида, аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 6,1 млн. сомонӣ ва 80,6 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ба буҷет ворид гардад.

Аз нақшаи 11 намуди андозҳо 10 намуд пурраю барзиёд таъмин гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ тибқи нақшаи тасдиқшуда 72,5 млн. сомонӣ буда, он бо тағиротҳояш 78,4 млн. сомониро ташкил медиҳад ва иҷроиши он 99,5 фоиз иҷро гардид. Аз маблағи умумии хароҷотшуда 80,0 фоиз ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ масраф карда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд