(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2017-2018-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 медалҳои тиллою нуқра, 6 нафарашро муҳассилини шаҳри Хуҷанд, дақиқтараш хатмкунандагони литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳр аз рӯйи равияи табию риёзӣ ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, Муҳаммадҷон Ҳақимов ва Матин Ҷӯраев медалҳои тилло ва Беҳруз Мансуров, Шаҳзод Раззоқов, Фараҳноз Олимова ва Шоҳина Исмоилова медалҳои нуқраро баъди супоридани имтиҳони ҷиддӣ соҳиб шуданд.

Бахтиёр Дадобоев аз гимназияи ба номи Гёте, Фарзона Султонова аз МТМУ № 19 ва Мадина Зарифова хатмкунандаи гимназияи №24 барои иштироки фаъолашон бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Медалҳоро ба соҳибонашон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид тақдим намуд.

Қобили қайд аст, ки аз 5 медалҳои дигарро хатмкунандагони шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд