(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСокинони шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр, махсусан сазовор пешвоз намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери шиори «1300 рӯз ободонию созандагӣ» ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, шанбегии умумишаҳрӣ гузарониданд.

Корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассисаву ташкилотҳо, хиёбонҳои Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол, соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

Воқеан ҳам сокини маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр саҳм гузорад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд